16 марти соли 2024 дар шаҳри Берлин намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар ҳамкории муштарак бо Иттиҳодияи дӯстони Осорхонаи этнологӣ ва ташкилоти Ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор карданд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Дар маҳфили наврӯзӣ нафарони расмии давлати иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ, шаҳрвандони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҳузур доштанд.
Дар таҷлили ҷашни бузурги аҷдодӣ Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ғурфаи миллиро иборат аз маводи таҷассумгари фарҳангу таърих ва нигораҳои миллӣ ташкил кард, ки он дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонони сершумор қарор гирифт.