РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд

25 март дар доираи ҳамоиши наврӯзии — “Корвони шодӣ”, ки дар маҷмааи Майдони “Истиқлоли”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз ҷониби Сайид Умари Маъсум — ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки ин ҳунарманди хушсалиқаи тоҷик, ки солиёни дароз дар Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ кору зиндагӣ мекунад, бо нимпайкара, ҳайкали комил ва тандису дигар ҳунарҳои зебои худ симои бисёре аз сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонро таҷассум намудааст. Сайид Умари Маъсум бо ташаббусу ибтикори шахсии хеш тасмим гирифтааст, ки симои Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро офарида, онро шахсан ба эшон тақдим намояд.

Тандиси мазкур аз метали биринҷӣ сохта шуда, атрофи он бо нақшҳои гуногуни наботӣ ороиш ёфтааст. Дар маркази он чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шакли барҷаста ва бо санъати баланди ҳунарӣ тасвир шудааст. Дар қисмати поёнии он бо хати ниёгон “Эмомалӣ Раҳмон” навишта шудааст.

Ин туҳфаи нодир дар асоси дастури Пешвои миллат ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳоло туҳфаи мазкур дар толори “Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” дар гушаи алоҳида тибқи муқарароти осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram