Ҳайати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанг Назариён О.О. иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистонро зери роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Туркманистон Ширимов Нурсахад Нурмухаммедович ва 65 нафар ҳунармандону мутрибон ва рассомонро истиқбол намуданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Қобили қайд аст, ки рӯзи чоруми апрел соати 9:30 вохӯрии ду вазир-Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва Вазири фарҳанги Туркманистон Шамырадов Атагелды Аширович дар назар аст.
Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.
Иштирокчиёни ин рӯзҳо 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.