30 марти соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо роҳбари Агентии роҳи оҳани “Туркмандемирёлларӣ” Атамурадов Азат баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои мусбати ду кишварро дар соҳаи ҳамлу нақли бор қайд намуда, дурнамои муносибатҳоро дар масъалаҳои иртибототи роҳи оҳан баррасӣ карданд.