РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёддошти тафоҳум зимни ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода ва узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун аз ҳамкории дуҷонибаи судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо оид ба ошкору пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот, пешгирӣ намудани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, инчунин мавриди омӯзиш қарор додани таҷҳизоти муосир ва тақвият бахшидан ба ҳамкории зичи мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ба имзо расидани  Ёддошти тафоҳум ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ  дар соҳаи таъмини амният ва рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram