РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 50 ҳазор шаҳрванд ба ташхису машварати ройгон фаро гирифта шуданд

Имрӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ (7 апрел) дар тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе чорабинии солимгардонии ташхису муоина ва машварати ройгони шаҳрвандон гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар саҳни бинои Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» барои суҳбати мутахассисони соҳа бо шаҳрвандон тамоми шароити муосид фароҳам гардида, дар маҷмӯъ барои машварат ва ташхису муоинаи ройгони сокинон тамоми имконоти лозима муҳайё карда шуд.

Аз субҳи барвақт аллакай шаҳрвандони зиёде ба муассиса омада, аз ташхису муоинаҳои ройгон мегузаштанд ва аз мутахассисони соҳа доир ба беҳтар намудани вазъи саломатии худ тавсияву маслиҳати муфид мегирифтанд.


Дар суҳбат сокинони мамлакат барои фароҳам овардани чунин шароиту имконоти мусоид ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ва кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чунин чорабинӣ дар муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва дар умум дар тамоми муассисаҳои тиббию табобатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил ва баргузор гардида, ба зиёда аз 50 ҳазор шаҳрванд ташхису машварати ройгон расонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram