РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиш баргузор гардид

8 апрели соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат баргузор гардид. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иқтисодчиёни кишвар ва кормандони вазоратро бо ҷашни касбӣ шодбош гуфта, баён намуд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳмгузор буда, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ширкат меварзанд.

Дар натиҷа дар бисту се соли охир новобаста аз таъсири манфии таҳдидҳову омилҳои берунӣ рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то ба 130,8 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард то 113 миллиард сомонӣ ё 113 маротиба афзоиш ёфтанд.
Аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар дар соли 2023-юм 8,3 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ 9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5 фоиз, боркашонӣ 16,6 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 14,1 фоиз, гардиши савдо 13,4 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,8 фоиз таъмин гардид.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ кормандони фаъоли Вазорат барои хизматҳои арзанда бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Қайд бояд кард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол дар кишвар 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён ҷашн гирифта мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram