РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ дар партави «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конфронс доир шуд

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар партави Соли маърифати ҳуқуқӣ зери унвони “Ҷавонон зидди терроризм, экстремизм ва кибертерроризм” баргузор шуд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ Фирӯз Сайнозимзода, директори Маркази таълимии назди Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ, дотсент Солеҳ Завқизода, полковники милитсияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ, дотсент Ҳаёт Сафаров ва муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон н.и.ф., дотсент Сафармаҳмад Сафармаҳмадзода ширкат доштанд.

Ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар бораи сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ сухан гуфт.

Зикр шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри наврасону ҷавонон ҳама шароит ҷиҳати омӯзиши донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ муҳайё гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар яки онҳоро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи марзу буми давлатӣ ва манфиатҳои давлатӣ саҳми худро гузоранд.

Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Фирӯз Сайнозимзода дар мавзуи “Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм” ва директори Маркази таълимии назди Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Солеҳ Завқизода пиромуни “Таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир» ибрози назар карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram