РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷонибҳо натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистонро барои таҳкими шарикии стратегӣ дар оянда муҳим арзёбӣ намуда, омодагии ҳардуҷонибро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди тавваҷуҳ изҳор доштанд.

Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар чаҳорчӯби кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон самарабахш арзёбӣ шуд.

Дар доираи фаъолияти минбаъдаи комиссия истифодаи пурраи имконият ва захираҳо барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сармоягузорию тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ва фарҳанг таъкид гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram