Тавре шаҳрвандон огоҳанд, қаблан Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронӣ ва мухолифати худро ба иқдоми носанҷидаи тамоми операторони алоқаи мобилӣ ҷиҳати боло бурдани арзиш ва нархи тарофаҳо изҳор намуда буд.
Хадамоти алоқа чунин меҳисобад, ки ин тасмим ба раванди беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиши онҳо халал ворид намуда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Хушбахтона, он вақт операторони алоқаи барқӣ тасмими худро тағйир дода, аз баланд бурдани арзиши тарофаҳо худдорӣ карданд.
Бо вуҷуди ин, ҳоло баъзе операторони алоқаи барқӣ дубора талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита нархи хидматрасониҳои алоқаи мобилиро баланд намоянд. Бинобар ин Хадамоти алоқа ба мавқеи қаблан изҳоршудаи худ таъкиди ҷиддӣ намуда, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок меҳисобад ва дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми операторони алоқаи мобилӣ даъват мекунад, ки ба ҳар гуна иқдоми носанҷида, ҳангомабарангез ва беэътиборкунада даст назананд.
Ҳамчунин Хадамоти алоқа ба сифати мақоми ваколатдори соҳаи алоқа аз ниҳодҳои дахлдори масъул низ хоҳиш менамояд, ки ин гуна тасмимҳоро мувофиқи ба хоҳиш ва ниёзҳои иқтисодии ҷомеа баҳо диҳанд, зеро ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланди бурдани сифати алоқаи барқӣ дар мухолифат қарор дорад. Ҳамзамон қайд менамоем, ки талоши баланд бардоштани арзиши тарофаҳои хизматрсониҳои алоқаи мобилӣ барои амалисозии тадбирҳои муҳим, монанди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад.
Дар навбати худ Хадамоти алоқа тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникиро ба вусъат додани минтақаҳои зери пушиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ равона менамояд.