РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистон ва Италия дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар маҷмуъ аз руйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ 7 санади нав ба имзо расид:

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкории оперативӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъовар;

— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2027;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва амнияти энергетикии Ҷумҳурии Италия;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2026.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram