Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Вэйдун мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима гардиданд.
Инчунин дар Душанбе мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сун Вэйдун баргузор гардид.
Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии ҳамаҷониба, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин дурнамои робитаҳо дар ҳошияи механизми навтаъсиси “Осиёи Марказӣ-Чин” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни нишаст доир ба таҳкиму тавсеаи талошҳои муштарак баҳри мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм табодули назар анҷом дода шуд.