30 апрели соли 2024 мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат” таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин бо иштироки васеи кормандони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Меҳнат шуруъ аз соли 2003 дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳамасола 28 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат ҷашн гирифта мешавад.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин кайд намуданд, ки масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз муҳимтарин афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, бо мақсади таъмини бехатарӣ аз ҳодисаҳо, шаффофият, ҳуқуқу шароитҳои мусоид барои кормандони соҳаҳои гуногун, кафолатҳои иҷтимоии меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ дар корхонаҳо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани шароити мусоиди меҳнатӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаҳои мубрам вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, фавти кормандон дар истеҳсолот пеш аз вуқуъ пайгирӣ ва мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқу имтиёзҳои меҳнатӣ ба интихоби озодонаи касб, дар мавриди бекорӣ бархурдор гардидан аз кумакпулию чубронпулиҳоро кафолат дода, корфарморо зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани шароити хуби меҳнатӣ дар истеҳсолот, таъмини ҳифзи меҳнат ва бобати риояи талаботи қонунгузорӣ чораҳои амалӣ андешад.
Дар мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳо доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии корфармо ва кормандон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш, шуғли ғайрирасмӣ, инчунин бастани шартномаҳои коллективӣ ибрози назар намуданд.