30 апрел «Корвони китоб» ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон расид. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби Вазорати фарҳанг дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва барои дар амал татбиқ намудани банди 24-и «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, иқдоми тақдими китобҳоро идома медиҳад.
Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 261 китобхона дар маҷмуъ 7 ҳазору 271 нусха китоб аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон ба тариқи ройгон дастрас карда мешавад. Он адабиёти бадеӣ, илмӣ-оммавӣ ва бачагонаро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки ба Китобхонаи Шамсиддини Шоҳин ба маблағи 7 ҳазору 61 сомонию 80 дирам китобҳо ба тариқи ройгон дода шуданд.
Мероси бою гаронбаҳои фарҳангии халқи тоҷик собит месозад, ки тарбияи ҷавонон, пеш аз ҳама, аз фикру ақидаҳои инсондӯстӣ, ахлоқи баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстӣ сарчашма мегирад. Асоси онро хислатҳои олии инсонӣ-олиҳимматӣ, дӯстӣ, росткорӣ, поквиҷдонӣ ва китобхониву китобдӯстдорӣ ташкил медиҳанд.