РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

КОРНАМОИИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИК ДАР МУҲОРИБАҲОИ АВВАЛИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд. Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон яке аз мудҳиштарин ҳодисаҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Агарчанде муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дур аз ҳудудҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омада бошад ҳам, аммо таъсири манфии он ба хоҷагии халқи Тоҷикистон ҳамчун як узви Иттиҳоди Шӯравӣ таъсири манфии калон расонид. Дар он солҳои мудҳиш дар қаламрави паҳновари шӯравӣ набуд оилае, ки аз даҳшати ҷанг ва таъсири бади он дар амон монда бошад.

Дар воқеъ чунин туғёни шадиди инсониро инсоният дар таърихи худ ёд надорад. Тавре устод Лоҳутӣ менависад:

Ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд.

Ҷанги хунину бераҳмона буд.

Агар танҳо ба оғози ҷанг, бо рақамҳо таваҷҷӯҳ карда ва хирадмандона қазоват намоем ин азамат бароямон бештар ошкор мешавад. Олмони фашистӣ бе эълони ҷанг санаи 22 июни соли 1941, рӯзи якшанбе, соати 4-и саҳар бо қувваи 5,5 млн аскару афсар (иборат аз 190 дивизия), 3712 танк, 4950 самолётҳои ҷангӣ, 47260 тӯп ва миномиёт якбора 3 ҳазор км сарҳади ИҶШС-ро убур карда, ба хоки ин давлат ҳуҷум кард. Ҳамла бо чунин қувваи бузург он айём барои давлат ва халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳолати сахти изтиробомезро ба вуҷуд оварда буд. Олмони фашистӣ бо як тайёрии махсус ба ҳамла омодагӣ гирифта буд. Онҳо мехостанд, ки дар як муддати кӯтоҳ ва бо як бераҳмии махсус ин орзӯяшонро амалӣ созанд. Стратегҳои гитлерӣ ҳанӯз 18 декабри соли 1940 ҳангоми таҳияи охирин варианти нақшаи ҳуҷум ба ИҶШС («Нақшаи Барбарос») тахмин доштанд, ки ҷангро то тирамоҳи соли 1941 дар Шарқ ба поён расонанд. Дар яке аз баромадҳои худ роҳбари давлати Олмон А. Гитлер (1889 – 1945), моҳи марти соли 1941 чунин қайд карда буд: «Ҳукми несту нобуд намудани болшевизм, ки бароварда мешавад, он маънои ҷиноятро надорад… Ин ҷанг аз ҷанги Ғарб фарқи куллӣ хоҳад дошт. Дар Шарқ худи бераҳмӣ кори хайр аст ба хотири замони оянда…». Аллакай аз рӯи моҳияти нақша ва нутқи Гитлер барало маълум аст, ки ҳисси худхоҳию ҷоҳталабӣ ва нажодпарастии Гитлер ва думравонаш эшонро ба чунин як майли зиддибашарӣ ҳидоят намудааст.

Бо вуҷуди ин, ҳисси баланди ватандӯстии Артиши Сурх ва ягонагии халқҳои Шӯравӣ ба душман имкон надод, ки ба ҳама орзуҳои худ бирасад. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг дар майдонҳои ҷангӣ шуҷоату корнамоиҳои сарбозони Шӯравӣ душманро ба ташвиш оварда буд. Халқҳои Шӯравӣ новобаста аз фарқиятҳои этникию ҷуғрофӣ, чун фарзандони як дудмон паҳлӯи ҳам истода меҷангиданд. Дар солҳои аввал корзорҳои ҷангӣ аз баҳри Баренс то баҳри Сиёҳ доман паҳн карда буд. Чунин матонату дӯстӣ ва ваҳдати халқҳои шӯравӣ буд, ки қӯшунҳои Олмон ва иттифоқчиёнаш дар ҷараёни муҳорибаи Москва аз санаи 5 декабри соли 1941 шикаст хӯрданд. Торумор шудани душман дар назди Москва аҳамияти таърихӣ дошта, ба тамоми рафти минбаъдаи ҷанг таъсири бузург расонд. Ин раванд дар оянда собит намуд, ки ба Ғалабаи Бузург ноил шудан натиҷаи ҳисси баланди ватандӯстию шуҷоатмандӣ ва ягонагии халқҳои шӯравӣ мебошад.

Ҷавонмардони тоҷикистонӣ баробари оғози ҷанг даъвати комиссариатҳои ҳарбиро бо ҷону дил қабул карда, барои ҳифзи ватан ба майдонҳои ҷанг сафарбар шуданд. Беш аз 290 ҳазор аз Тоҷикистон ба фронт рафтанд. Дар ин миён шумораи ихтиёриён ҳам кам набуд. Дар солҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбӣ аз гӯшаю канори Тоҷикистон аризаҳои зиёд дар мавриди ихтиёран ба фронт рафтан, ворид мешуданд. Агар ба адабиёти таърихӣ назар кунем муайян мешавад, ки ҳанӯз моҳи июли соли 1941 дар як шабонарӯз ба комиссариати ҳарбии Душанбе 700 ариза барои ихтиёрӣ ба ҷанг рафтан ворид шудааст. Аз 22 то 30-юми июни соли 1941 бо чунин мазмун 205 нафар ба комиссариати ҳарбии Ғарм муроҷиат намудаанд. То 1 августи соли 1941 дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) 1400 нафар бо чунин аризаҳо ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намудаанд. Ин раванд дар солҳои минбаъда боз ҳам афзоиш ёфт. Он солҳо масъалаи ҳифзи ватан барои тоҷикон аз ҳама чизи дигар қиматар меистод ва он ба ҳаёту мамоти ҳама қишрҳои ҷомеа таъсир намуда буд. Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҷанг ҳатто 19 нафар донишҷӯёни институти педагогӣ (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) ариза навишта ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанд. Албатта дар қатори мардон занони зиёде низ муаллифи чунин аризаҳо буданд. Фиристодагони Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ҷанг дар қатори дигар халқҳои Шӯравӣ чун аҷдоди номдору номовари худ дар майдонҳои ҷангӣ аз худ далерию шуҷоатмандиҳои бемисл нишон доданд.

Фарзандони тоҷик, ҳатто дар ҷанги Иттиҳоди Шӯравию Финландия (1939 – 1940) иштирок карда, бо корномаи худ боиси ғалабаи шӯравӣ гардиданд. Яке аз иштирокчиёни асосии ин ҷанг Неъмат Қарабоев (1916 – 1942) мебошад. Ӯ аввалин нафаре аз Тоҷикистон мебошад, ки соҳиби унвони Қаҳармони Иттифоқи Советӣ дар санаи 21 марти соли 1940 гардидааст. Неъмат Қарабоев агар дар ҷанги зидди финҳо ҳамчу алоқачӣ мубориза бурда бошад дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун тӯпчӣ ва сардори полкҳои гуногуни ҳарбӣ буд. Ӯ дар муҳорибаҳои Москва, Ржев – Вяземск ва Ржев – Сичевск қаҳрамониҳои зиёд нишон додааст. Моҳи июли соли 1942 Қарабоев ҳангоми гузуштан аз дарёи Дон, бо мақсади рахна намудани хатти ҷабҳаи душман бо тир захмин шуда, дар дарё ғарқ мешавад.

Яке аз намунаҳои олии ватандӯстии сарбозони Шӯрави ин мудофиаи Қалъаи Брест мебошад. Брест аз 22 июн то 20 июли соли 1941 дар иҳотаи душман буд. Дар байни мудофиачиёни қалъа фарзандони тоҷик Акобир Маҳмудов, Шукур Раҳмонов, Маҳмадҷон Абдувалиев ҳам буданд, ки қаҳрамонона ҳалок шуданд.

Дар ибтидои љанг фарзандони тоҷик Мирзоев Н., Қурбонов Зайниддин дар Украинаи Ѓарбї; Эргаш Саидов, Эргаш Рўзиев, Ҳодӣ Кенљаев М.Олимљонов дар Белорусия; Мухтор Ёров дар Наздибалтика; Бобиев Мирзоалї дар Қрим ва дигарон дар ҷабҳаҳои гуногун мељангиданд.

Аз корнамоии фиристодагони Тољикистон дар оғози љанг номҳои Ҳодї Кенљаев дар муҳорибаи Смоленск, Н. Илёсов дар Керч хело машҳур аст. Дар љанг барои Смоленк Ҳ. Кенљаев барои шуљоати љангї нишон доданаш бо медали «Барои шуљоат» мукофотонида шуда буд. Н. Илёсов бошад, ҳамроҳи ҳамяроқонаш дар гарнизони зеризаминии (корхонаи сангрезакунии) Азимушкаи Керч зиёда аз чор моҳ муқобилият нишон дод.

Муҳорибаҳои рӯзҳои аввали ҷанг хело тезу тунд мегузашт. Яке аз иштирокчиёни ҷанг дар Украинаи Ғарбӣ Зайниддин Қурбонов аз ноҳияи Варзоб он рӯзҳои мудҳишро ба ёд оварда чунин нақл мекунад: «Дар майдонҳои ҷанг сахтарин рӯзҳои ҳаётро дидам. Ман ҳамон солҳои ҷанг дар дил орзу менамудам, ки агар сиҳату саломат ба Ватан баргардам, намегузорам ки касе аз рӯи дастурхон нони сӯхтаеро берун кунад. Мо дар майдонҳои ҷанг ҳафтаҳо гурусна мегаштем. Он ҷо Ватан-модар ва нону оби он бароямон аз ҳама чиз муқаддас менамуд».

Яке аз муҳорибаҳои сахтарин дар ибтидои ҷанг ин муҳорибаи Москва (сентябри соли 1941 – апрели соли 1942) буд. Дар ин муҳориба сарбози истаравшанӣ Муҳаммад Иброҳимов чун тӯпчии бомаҳорат рӯзи 6 июли соли 1941 дар як муҳориба 16 автомашина ва 6 танки душманр нест кард. Бо ин амали хеш ӯ сазовори ордени “Ленин” гардид, ки дар байни фиристодагони Тоҷикистон аввалин нафар ба ҳисоб меравад. Сарбози дигари тоҷик Эргаш Рўзиев аз Хуҷандӣ бостонӣ, ки ў низ тўпчї буд, дар вақти қафонишинї ҳамроҳи 11 нафар ҳамроҳонаш ба муҳосира афтода, давоми 13 шабонарўз бо азобҳои сангин аз муҳосира баромад. Барои ин корнамої ва љасоратҳои минбаъда ў аз дасти маршал Чойболсан мукофоти олии Муѓулистон-ордени «Ситораи Қутб»-ро соҳиб шуд.

Дар муҳорибаи Москва инчунин фиристодагони Тоҷикистон ба монандӣ устоди бузурги донишгоҳи омӯзгорӣ Иброҳим Обидов (Баъди ҷанг, то охирин лаҳзаҳои ҳаёташон дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кору фаъолият намуданд ва ба каминаи камтарин ҳаққи устодӣ доранд. Равонашон шод бод!), муаррихи намоён ва омӯзгори институти педагогӣ (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) – Баҳодур Искандаров, М. Маҳкамов, А. Очилов, адибони намоёни тоҷик Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Сотим Улуғзода, Раҳми Ҷалил ва дигарон, ҳар яке дар алоҳидагӣ корнамоии бемисле нишон доданд. Дар ин муҳориба дар қатори қўшунҳои ИЉШС инчунин дивизияи 20 савораи дар Тољикистон таъсисёфта иштирок дошт. Ин дививзия дар якчанд набардҳо қаҳрамониҳо нишон дода сафи душманро чанд маротиба рахна намудааст. Бо фармони роҳбарияти давлат 150 нафар аскару афсарони ин дивизия ба мукофотҳои гуногун сазовор дониста шуданд. Дар баробари мардон занони тоҷикистонӣ низ дар солҳои аввали ҷанг корнамоиҳои бемисл нишон медоданд. Масалан Нина Лобковская аз шаҳри Душанбе баъди хатми мактаби занонаи снайперӣ дар муҳорибаи Москва иштирок кардааст. Бинобар навиштаи муаррихи тоҷик Роҳат Набиева номбурда, бо снайпери худ дар ин муҳориба 89 нафар душманонро нобуд кардааст.

Бояд қайд намуд, ки аз муҳорибаҳои аввал, ки хело шадид мегузашт сарбозон таҷрибаи хуби ҷангӣ мебардоштанд, ки ин таҷриба барои муҳорибаҳои оянда ба кор меомад. Масалан ҷанговар Ҳодӣ Кенҷаев дар соли 1943 муҳорибаи Курск қаҳрамониҳои зиёд нишон дод. Ин ҷо танҳо як корнамоии ӯро овардан кофист, ки рӯзи 7 июли соли 1943 Кенҷаев бо қисми худ 4 танки миёна ва 4 танки вазнини дуҳманро несту нобуд намуд. Ба ӯ барои шуҷоати беҳамтояш унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.

Аз оғози ҷанг дар баробари нафароне, ки дар фронт бо ҷисму тан муқобили душман мубориза мебурдан, инчунин меҳнаткашони тоҷик дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат карда барои Ғалабаи Бузург саҳми хешро мегузоштанд.

Ин нигошта қатрае аз баҳри корнамоиҳои тоҷикон дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Мисолҳои дар боло овардашуда собит мекунанд, ки ҳанӯз аз оғози ҷанг бобоҳои мо барои ҳастии имрӯзиён ва барои ҳифзи номусу нанги ватандорӣ аз баҳри ҷону тани хеш гузашта, худро ба корзори марг заданд.

Омӯзиши таърих ба хотири дарси ибрат аст. Ба хотири он аст, ки мо имрӯзу ояндаи худро дар асоси таҷрибаҳои таърихиамон бисозем. Аз ҳар саҳифаи таърих хирадмандонаю огоҳона сабақ омӯзем. Махсусан дар шароити имрӯза бояд ҳадафмандона ва хело зиракона амал карда, атрофи сиёсати роҳбари давлат ва таҳкими идеяҳои давлати миллӣ муттаҳид шавем. Дар ҳама ҳолатҳои хатарзои замони нав фирефтаи душман нашуда, муҳофизи Ватан ва эҷодкунандаи корномаҳои ифтихорӣ бошем.

Давлатшоҳ Маҳмудов,

омӯзгори факултаи таърих ва

ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram
preload imagepreload image