РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Форуми «Ҷавонону кӯдакон ва масъалаҳои обу иқлим» доир гардид

Имрӯз дар ҳошияи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» Форуми «Ҷавонону кӯдакон ва масъалаҳои обу иқлим» доир гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Инобати Икром хабар дод.

Дар “Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим” намояндагони ҷавонон ва тасмимгирандагон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳам омадаанд, то ин ки роҳҳои ҳамкории муштарак ва фарогири байни кишварҳо ва ҷавононро муҳокима карда, ба онҳо афзалият диҳанд. Ҳадафи ин ҳама суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори то соли 2030 марбут ба об мебошад.

Ҳадафи “Шабакаи ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим” баланд бардоштани зарфияти ҷавонон дар ҳалли чолишҳои марбут ба иқлим, тарғибу ташвиқи тадбирҳо дар робита ба об ва иқлим таҳти роҳбарии ҷавонон, инчунин татбиқ ва мониторинги «Нақшаи амали ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим» мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram