РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Эмомалӣ Раҳмон: «Давоми 20 соли охир ҳиссаи ҳодисаҳои фавқулодаи марбут ба об аз 80 ба 90 фоиз расид»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таъкид намуданд, ки дар панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидаем.

«Тибқи гузориши коршиносон, соли 2023 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шудааст. Эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки ин ниҳояти кор нест ва чанд соли оянда мо боз шоҳиди дигар рақамҳои  рекордӣ хоҳем шуд», — изҳори нигаронӣ намуданд Пешвои миллат.

Тазаккур дода шуд, ки ҳиссаи ҳодисаҳои фавқулодаи марбут ба об дар шумораи умумии офатҳои табиӣ ва ҳаҷми хисорот аз онҳо низ сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад. Давоми 20 соли охир ин ҳисса аз 80 ба 90 фоиз расида, ҳаҷми зарар бамаротиб зиёд шудааст.

«Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо селу обхезиҳои имсола дар минтақаҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон  мебошанд, ки ба иқтисоди кишварҳо садҳо миллион доллар зарари молиявӣ расониданд», — ёдрас шуданд Сарвари давлат.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram