РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳунармандони Театри «Аҳорун» дар Форуми байналмилалии коргардонҳои ҷавон дар Қазоқистон иштирок карданд

Ҳунармандони театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов дар Форуми байналмилалии коргардонҳои ҷавон дар Алматои Қазоқистон намоиши «Таъбири Ишқ»-и Ҷовидон Аминзодаро пешкаш карданд. Дар ин бора аз театри мазкур хабар доданд.

Ҷовидон Аминзода ва ҳунамардони театр дар миёни 17 кишвари ширкаткунанда мавриди алоқамандии хоси жюрӣ ва тамошобинон қарор гирифта ва ҳунари театри миллии тоҷиконро дар ин маъракаи байналмиллалӣ дар сатҳи боло муаррифӣ карданд.

Муҳимтар аз ҳама, барои аксари ҳунармандони ҷавони театр ин аввалин сафари ҳунарӣ ба хориҷи кишвар буд ва онҳо аз сафар бо пайвандҳои дустонаи нав, таассуроти мусбат ва таҷрибаҳои хотирмон баргаштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram