12 июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини Вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Мардуми Чин Сзу Лейминг баргузор гардид. Дар ин хусус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, гузаронидани таҳқиқот ва коркардҳои муштараки илмӣ дар соҳаи идоракунии самаранок ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим, таҳия ва татбиқи якҷояи лоиҳаҳо дар соҳаи хоҷагии об ва ҷалби маблағҳои гуногуни молиявӣ барои татбиқи онҳо мубодилаи афкор шуд.
Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои мубодилаи иттилоот, таҷриба дар соҳаи истифодаи технологияҳои сарфаи об, усулҳои пешрафтаи обёрӣ, техникаи обёрӣ, ченкунӣ ва баҳисобгирии об, тайёр кардани мутахассисон барои соҳаи об, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва мусоидат ба пешбурди ҳадафҳои ин ташаббуси Тоҷикистон баён доштанд.