РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” оғоз гардид

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” бо иштироки 330 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз ВМКБ хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева иштирок намуда, зимни баромад иброз дошт, ки миллати тоҷик аз қадимулаём дорои фарҳанги бою ғаннӣ буда, маҳз бо расму русум ва сунатҳои аҷдодии худ дар ҷаҳон маъмулу машҳур мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии «Точикистон-Ватани азизи ман» барои сокинони ин диёр имконият фароҳам овард, ки истеъдодҳои нав ба майдони фарҳангу ҳунар ворид гарданд. Ин озмуни ҷумҳуриявӣ, ки давоми чанд сол боз аз сатҳи ҷамоатҳо то сатҳи ҷумҳуривӣ баргузор мегардад, даҳҳо ҳунармандони навро кашф ва ба роҳи санъату фарҳанг раҳнамун сохт. Ҳадафи баргузории озмун ин пайдо намудани чеҳраҳои нав ва сайқал додани малакаву маҳорати сарояндагию навозандагӣ, дизайнерӣ миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа маънидод карда мешавад.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” 84 нафар довталабон аз руйи номенатсияи санъати тасвирӣ — дезайн ва ороиши амалӣ- бадеъӣ иштирок намуда , ҳунари худро аз қабили муҳрабофӣ, кандакорӣ ва расомӣ пешкаши аъзои ҳакамон намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram