РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон филиали Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд мешавад

Байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Беҳдоштӣ»-и Тоҷикистон ва Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи амалишавии созишнома бунёди филиали Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозомӯзии мутахассисони ду мамлакат  дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Созишномаи ҳамкорӣ дар доираи сафари кории Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.

Зимни ба имзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ муовини директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Беҳдоштӣ»-и Тоҷикистон Файзалӣ Қосимов ва роҳбарияти Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram