Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024, ки аз 27 то 30 июн соли равон дар Ҷумҳурии Саха (Якутия)-и Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Чор нафари онҳо бо ҷоизаи нуқрагин қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Ҳунармандони Сикри Тоҷикистон дар Фестивали байналхалқии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024 бозиҳои ҷолиби сиркӣ (трюк), намоишҳои дақиқ ва зебоии ҳаракатҳоро нишон доданд.
Аз ҷониби аъзои ҳакамони фестивал Алмос Илёсов, Ануша Ҳусензода, Шаҳноза Ҷабборова ва Ёсуман Назарова бо ҷоизаи нуқрагин қадрдонӣ гардиданд.
Дар Фестивал аз 15 давлати дунё 50 нафар ҳунарманд, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Беларус, Чин, Ветнам, Муғулистон ва аз Федератсияи Русия — сиркбозони шаҳрҳои Москва, Перм, вилояти Курган, Бурятия, Якутия иштирок намуданд.