РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 525 довталаб иштирок мекунад

Дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  525 довталаб иштирок мекунад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  тибқи муқаррароти Низомнома,  аз 10 то 25 июни соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ, вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид.

Дар даври дуюми озмун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 330 нафар иштирок намуда, 82 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифт.

Аз 896 нафари даври дуюм дар вилояти Хатлон 136 нафар ба даври сеюм роҳ ёфт. Дар даври дуюм аз вилояти Суғд аз 763 нафар 115 нафар,  аз шаҳри Душанбе аз 348 нафар 115 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 350 нафар 77 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюми озмун 2755 нафар довталаб иштирок намуда, аз он 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифт.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайн байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, коллеҷҳои санъат, рассомӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳоии ҳунарии назди шуъбаву бахшҳои фарҳанг ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд, гузаронида хоҳад шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram