РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маблағгузории лоиҳаи CASP+ дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонди иқлими сабз дастгирӣ ёфт

Дар доираи ҷаласаи 39-и Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз, ки дар шаҳри Инчеони Ҷумҳурии Корея рӯзҳои 15-18 июли соли ҷорӣ баргузор мегардад, пешниҳоди лоиҳаи “Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” (CASP+) тасдиқ гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки Созишномаи оид ба маблағгузории лоиҳаи мазкур бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром ва Ҳенри Гонсалез, ноиби директори иҷроияи Фонди иқлими сабз ва Роберто Лонго, директори барномаҳои кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ рӯзи 18 июли соли ҷорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур ин мусоидат барои гузариш ба самти устувори рушд бо назардошти коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор мебошад.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ татбиқ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Фонди иқлими сабз соли 2010 тибқи қарори Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) бо мақсади дастгирии кӯшишҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои вокуниш ба таҳдидҳои тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram