21 июл дар Ҷидда мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳонӣ Солим Сунбул баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо корпоратсияҳои мазкур, ки муассисаҳои Гурӯҳи Бонки исломии рушд доир ба ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ба ҳисоб мераванд, баррасӣ шуд.