РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ баргузор гардид

22 июл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони гурӯҳҳои кори доимоамлкунандаи ва намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа татбиқи иҷрои нақшаи амалӣ Гурӯҳи корӣ иборат аз 33 банд дар самтҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва фаъолияти маҳаллу растаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод оид ба ҳолат ва раванди иҷрои нақшаи амали гурӯҳи корӣ гузориш манзур намуда, оид ба мушкилотҳои ҷойдошта дар самти рушди сайёҳӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар маҳал иброз намуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Дилрабо Мансурӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта, тақвият бахшидани корҳо дар доираи гурӯҳҳои корӣ дар маҳал, рушди инфрасохтор ва бо талаботҳои санитарию эпидемиологӣ мутобиқ намудани онҳо, таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ, анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва як қатор масъалаҳои мубрам супоришҳои мушаххас дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram