Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди кӯчаи Қаҳҳоров шинос шуданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур доданд, ки корро дар ин самт суръат бахшида, ба сатҳ ва сифати роҳ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Хабар мукаммал карда мешавад.