29 июли соли 2024 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон атрофи масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, ба вежа ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об табодули афкор намуданд.