РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ доир шуд

30 июл дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор баррасӣ шуд. Дар ин хусус аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 «Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии шаҳрвандони бекор» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни ҷаласа оид ба раванди татбиқи ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва панҷ моҳи соли 2024 ҳисоботи муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода ва ҳисоботи муовини Раиси вилояти Хатлон — Раиси кумитаи маҳаллии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода шунида шуд.

Дар муҳокимаи ин масъала аъзои Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ — намояндагони вазорату идораҳо фаъолона иштирок намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа бо назардошти фикру мулоҳиза ва таклифҳои пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram