РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Восеъ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлатдории миллии тоҷикон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

7-уми август дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлатдории миллии тоҷикон» Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ — Рудобаи Мукаррам, Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор — Рустам Ҳайдарзода, муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ — Лоҳутӣ Шарифзода ва раиси ноҳияи Восеъ — Ҷамшед Шарифзода иштирок ва маъруза намуданд.

Пас аз шунидани маърузаҳои асосӣ дар қисмати музокираи Конференсия намояндагони соҳаҳои ҷавонон, занон ва дигар фаъолон суханронӣ карда, андешаҳои хешро дар хусуси мактаби давлатдории Пешвои миллат, хизматҳои шоёну таърихии ин шахсияти баландмақом дар рушду пешрафти давлатдории миллии тоҷикон, иброз намуданд.

Дар хотимаи Конференсия аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Китобхонаи марказии ноҳияи Восеъ ҷилди китобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram