РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия мулоқот карданд

10 августи соли 2024 дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо — узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, киберҷиноятҳо, инчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳал намудани мушкилот, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram