РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид

25 июл дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯрии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  хабар доданд.

Иброз гардид, ки ҳадафи асосии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи қонуну қоидаҳо, роҳҳои пешгирӣ аз хавфу хатар ва корҳои характери коррупсионидоштаро ба иштирокдорон фаҳмонида, аз онҳо даъват шуд, ки ба чунин хатогиҳо роҳ надода, баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегия кушиш ба харҷ диҳанд.

Бояд гуфт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram