Дар доираи чорабиниҳои канории сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим- Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 то 21-уми августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе «Рӯзҳои кинои Қазоқистон» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Маросим кушодашавии «Рӯзҳои кинои Қазоқистон» рӯзи 20-уми август, соати 17.30 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Шамшери алмосӣ» оғоз мегардад.
Рӯзи 21уми августи соли 2024 с. 10.00 – филми «Амалиёти Набот» ва с. 17.00 филми «Дос –Мукасан» дар кинотеатри ба номи «Тоҳир Собиров» баргузор мегардад.