РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Сафарзода ва Саидасрор Абдуллозода ба вазифаҳои масъули ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нуралӣ Асозода муовини якуми Вазири кишоварзӣ таъйин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ҷумъазода мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Салим Салимзода сардори раёсати кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмуд Амирзода сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайазам Қодирзода сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Арабзода сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Таъмиру сохтмонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Раҳимзода муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод Собирзода директори корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ Одинашоҳ Вализода аз вазифаи сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён ва Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ашти вилояти Суғд ва директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ таъйин карда шуданд.

Зимни суҳбат бо кадрҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳидоят намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram