РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз омодагиҳои муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон ба соли нави таҳсил шинос шуд

Бо такя ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш шинос шуд. Дар ин юора аз МИҲД-и шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Дар ин рӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз литсейи 1 ва мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон боздид намуд. Меҳмонон аз вазъи омодагии муассисаҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, таъмиру тармим ва дигар тадбирҳо ошноӣ пайдо намуда, бо омӯзгорон ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат суҳбати самимӣ оростанд.

Зимни суҳбат гуфта шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ятимону бепарасторон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, масъалаи ба таълиму шуғл фаро гирифтани онҳо дар мадди назар қарор дорад.

Дар ин рӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз ҷараёни баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ҷараён дорад шиносоӣ пайдо намуда, ба иштирокдорон бурдбориву муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram