РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Журналисти варзида, собиқадори Радиои Тоҷикистон Абдуғаффори Убайдулло аз олам даргузашт

Имрӯз яке аз журналистони варзида, собиқадори Радиои Тоҷикистон Абдуғаффори Убайдулло аз олам даргузашт.

Ӯ солҳои зиёд дар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз  соли 1981 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар вазифаҳои мусаҳҳеҳ, мухбир, муовини котиби масъул то моҳи марти соли 1991 кор кардааст. Аз моҳи марти соли 1991-ум  то сентябри соли 1992-юм дар ҳафтаномаи экологии «Наврӯзи ватан» дар вазифаи Котиби масъул, муовини сармуҳаррир фаъолият намудааст.

    Аз моҳи сентябри соли 1992-юм то ба имрӯз дар Радиои «Тоҷикистон»-и  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар идораҳои пропаганда, минбаъд иқтисодӣ дар вазифаҳои муҳаррири варзида, мудири шуъбаи саноат-иқтисод  ва сармуҳаррири Идораи барномаҳои таҳлилӣ  фаъолият кардааст.

    Инчунин, аз моҳи ноябри  соли 2014-ум дар вазифаи муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои таҳлилии Радиои «Тоҷикистон» кор кардааст.

Пас аз баромадан ба нафақа низ ҳамкориашро бо Радиои Тоҷикистон идома дод, аммо бештар аз як соли ахир бо сабаби авҷ гирифтани бемориаш камтар ба радио меомад.

Маъмурияти Радиои Тоҷикистон бинобар даргузашти журналистони варзида, собиқадори Радиои Тоҷикистон Абдуғаффори Убайдулло изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram