РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро мавриди истифода қарор доданд

 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиз Азизов бо усули муосири меъмории ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стоматологӣ бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои тозабунёди Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, ташхисгоҳ, дорухона, электрокардиограмма (ЭКГ), ташхиси ултрасадо, ҷарроҳии ҷоғи рӯй, духтурони дандон, имплантолог, ортодонт ва озмоишгоҳ барои тайёр кардани дандон ва безарар гардонидани асбобҳои дандондармонӣ мебошад.

Масоҳати иншооти мазкур 500 метри мураббаъ буда, дар як мавзеи бекорхобида бунёд гардидааст ва дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар мутахассисони маҳалӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологии деҳаи Файзободи деҳоти Даштигулҳо дар масофаи 14 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир буда, дар он 30 нафар мутахассиси соҳа, аз ҷумла 10 табиби маълумоти олидор ва 12 нафар корманди миёнаи тиб соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб шудаанд.

Марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобати дандон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Хизматрасонии маркази мазкур барои сокинони 12 деҳаи атроф, ки беш аз 25 ҳазор нафарро ташкил менамоянд, пешбинӣ шудааст. Дар марказ бо назардошти фароҳам будани шароиту иқтидори васеи кадрӣ ва техникӣ имкон аст, ки ба сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо ҳам хизмати тиббӣ расонда шавад.

То ин муддат сокинон маҷбур буданд барои якчанд номгӯи хизматрасониҳои тиббӣ дар самти дандондармонӣ ба дигар ҷойҳо раванд, зеро чунин дастгоҳу таҷҳизот ва озмоишгоҳҳои муосир шуруъ аз ташхис, табобат, андозагириву қолабрезии дандон ва дигар нозукиҳои кори соҳа дар ин минтақа мавҷуд набуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагуна хизматрасонӣ дар маркази мазкур ба ятимони кул, шахсони яккаву танҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба таври ройгон пешбинӣ шудааст.

Бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар деҳоти Даштигулҳои ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо тарҳи зебо ва хосси соҳаи тандурустӣ қомат афрохта, роҳи мошингарди атрофи он мумфарш, роҳравҳо сафолакпуш ва бо гулу буттаҳои рангоранг оро ёфтааст.

Худи бино ва кӯчаҳои атрофи он чароғон карда шуда, шабонгаҳ низ намои зебо дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram