РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Маркази савдои «Беназир»-ро фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои Маркази савдои “Беназир”-ро фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Маркази савдои “Беназир” бо маблағи 5,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Зафар Сафаров бунёд шудааст.

Бинои марказ аз ду ошёна иборат буда, масоҳати он 2200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Маркази савдо аз 95 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ба монанди хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, қолинҳо, таҷҳизоти рӯзгор, маводи ороишӣ, дорухона ва коргоҳи дӯзандагӣ барои занону ҷавондухтарон иборат аст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази савдои “Беназир” 130 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин нишондод 30 нафар занону ҷавондухтарон ба коргоҳи дӯзандагӣ ҷалб карда шудаанд.

Коргоҳи дӯзандагии мазкур бо дастгоҳҳои электронии духти либос ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Инфрасохтор ва намои бинои марказ бо риояи санъати баланди меъморӣ ва чароғонкунии муосир оро дода шуда, аз вусъати созандагӣ ва неруи тоза гирифтани бунёдкориҳо дар ноҳияи Ховалинг шаҳодат медиҳад.

Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ сохта шудааст.

Зимни боздид аз шароит ва хизматрасониҳои марказ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии бино баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорро дар роҳи саҳмгирӣ ҷиҳати ободию пешрафти Ватан шоистаи таҳсин хонданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки  мақсади бунёди коргоҳи дӯзандагӣ саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, дар доираи солҳои “Солҳои рушди саноат” дар ду соли охир дар кишвар зиёда аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкории хурду миёна шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор расидааст.

Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони кишвар 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супоридаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram