РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро ба истифода доданд

7 сентбяр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар ин муассиса шинос шуданд.

Бунёди бинои нави маркази саломатӣ аз моҳи апрели соли 2024 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд. Иншоот пурра бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва харҷи 2,5 миллион сомонӣ маблағ бунёд гардид.

Маркази нави саломатӣ дуошёна буда, аз 13 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, амрози занона ва маҷлисгоҳ бо 25 ҷойи нишаст иборат аст.

Иншооти нави саломатӣ барои хизмат ба 862 хоҷагӣ ва 3 ҳазору 724 сокини шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистони бо сатҳу сифати ҷаобгӯ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шудааст.

Бо бунёд гардидани бинои нави маркази саломатӣ дар шаҳраки Сирдарё 10 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Тавре иттилоъ доданл, бинои аввалаи маркази саломатии шаҳраки Сирдарё дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст, бинобар ин, зарур дониста шуд, ки дар партави дастгириву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боло бурдани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бинои нави маркази саломатӣ дар муддати кӯтоҳ сохта, мавриди истифода қарор дода шавад.

Саҳни беморхонаро гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зиннат бахшидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази нави саломатӣ шароиту имконитяҳои муосири кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудаааст.

Сокинони шаҳраки Сирдарё аз он изҳори хушнудӣ менамоянд, ки дар фазои сулҳу амнияти кишвар осуда зиндагӣ мекунанд ва аз дастгириву ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бархурдор мегарданд. Онҳо бунёди марказро аз зумраи иқдомҳои роҳбарияти давлат дар пайи татбиқи амалии сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоӣ ва тӯҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатӣ меҳисобанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон ба масъулин барои бунёди маркази муосири саломатӣ изҳор сипос намуда, табибонро ба хизмати софдилона ба мардум ҳидоят намуданд.

Чунонки аён мегардад, дар партави сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёди муассисаҳои нави тиббӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир зиёд гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳо ба маротиб боло рафт.

Аз ҷумла, дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо соли 2017 — 2,3 баробар зиёд аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram