РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург иштирок карданд

12-14 сенябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми 10-уми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷмуҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуд.

Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар форум роҳбарони ҳайатҳо ва ходимони намоёни фарҳанг аз 80 давлати олам иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форум дар мавзуи «Нигоҳи ояндаи ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ» маъруза пешниҳод намуд.

Ҳамчунин коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъҳои гуногуни соҳаи фарҳанг ва ҳунар сухан гуфтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram