РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар пойтахт Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад

Аз 22 то 24 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин Туркия, Эрон ва Чин иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023  дар намоиши байналмилалии китоб намояндагон аз 7 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашриявии дохилӣ фаъолона иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram