27-28 сентябр дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Кирмоншоҳ, ҳамчунин бо фаъолони иқтисодии ин вилояти Эрон мулоқотҳо анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар мулоқот бо раиси вилояти Кирмоншоҳ Муҳаммадтайиб Саҳроӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси шаҳри Кирмоншоҳ Нодири Наврӯзӣ масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳ ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ гардид.
Дар мулоқот бо раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Кирмоншоҳ Салими Сосонӣ ва фаъолони иқтисодии вилоят зарфият ва тавонмандиҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуда, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин самтҳо изҳори алоқамандӣ карданд.