РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» муҳокима гардид

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Масаки Ишикава мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопонро дар бахши иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак баррасӣ карданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопонро дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» муҳокима намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram