РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ дар Душанбе таҳти унвони «Садои дил» Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён доир мегардад

Пагоҳ, 10 октябр бахшида ба Рӯзи Фалак дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Садои дил» Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсад аз баргузории фестивал дарёфти истеъдодҳои нав ва намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд дар санъати мусиқии фалаксароӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии фалаксароён, тақвияту ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои фалаксароён, ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши нозукиҳои ин санъат ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар фестивал ҳунармандон ва гурӯҳҳои фалаксароёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли фалаксароёни Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram