РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хуҷанд намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ифтитоҳ шуд

Дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанди  шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023 ба муносибати ворид гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимии миллӣ дар соли 2024 таҳти унвони «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» намоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи намоиш доир ба таърихи омӯзиш ва рушду ташаккули ҳунарҳои қадимии миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сухан гуфта шуд.

Зимни намоиши ҷумҳуриявӣ ҳайати меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷанд бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимии миллии ниёгон аз наздик шинос шуданд.

Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен, Истиқлол, Ашт, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғаффоров, Деваштич, Мастчоҳ ва Хуҷанд, ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Зиёда аз 25 навъи ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошта аз ҷониби ҳунармандон ба шакли амалӣ ё зинда иҷро гардид, ки ин омил диққати меҳмонону тамошобинонро бештар ҷалб намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram