19 октябр дар вилояти Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иброз гардид, ки озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар гурӯҳҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт баргузор мешавад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз соли 2021 инҷониб доир мегардад. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки озмун ба ҳадафи асосӣ– ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир мерасад.
Озмун завқи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён, пажуҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкориву навоварӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иттилоъ дода шуд, ки даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» аз рўи 7 номинатсия баргузор гардида, ҳайати ҳакамони озмун ба донишу маҳорат ва истеъдоди иштирокдорони озмун баҳои воқеӣ доданд. Дар ҷамъбаст 126 нафар, аз ҷумла 42 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 42 хонандаи мактабҳои типи нав, 36 донишҷӯ ва 6 омӯзгору намояндагони касбу кори гуногун ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва қадршиносии ғолибон дар вилояти Суғд 708 ҳазору 250 сомонӣ ҷудо шудааст.