Дар шаҳри Душанбе, вохӯрии намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода баргузор гардидааст.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва рушди рақамисозии иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар ин мулоқот Петерис Устубс -директор, Кароблис Раймундас – Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон,, Изабел Уриз — Мудири шуъба оид ба ҳамкорӣ, Титийен Амати — Мутахассиси масоили сиёсӣ, Мигел Роча — Мутахассиси масоили сиёсӣ намояндагӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва нақши муҳимми рақамисозӣ дар рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор карданд. Рухшона Насриддинзода ба дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ изҳори сипос намуда, нақшаҳои стратегии Тоҷикистонро дар ин самт муаррифӣ намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ таъкид карданд. Ин вохӯрӣ қадами муҳим дар роҳандозии ҳамкории бештар дар самти рушди рақамисозии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои иқтисодии дуҷониба маҳсуб меёбад.
Навигация по записям
Next Article Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Навид
- Баррасии саҳми Аслиддин Низомов дар илми санъатшиносии тоҷик дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 11/11/2024
- Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илмию-техникӣ ва инноватсионии ИДМ 11/11/2024
- Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад 11/11/2024
- Рухшона Насриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд 11/11/2024
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд 10/11/2024
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд 10/11/2024
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ рафтанд 10/11/2024
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд 10/11/2024
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд 09/11/2024
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд 09/11/2024