12 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар бо мақсади густариш додани ҳамкории илмӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо доир ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби олимони ду давлат дар соҳаи илмҳои дақиқ, тиб ва биологӣ, пажуҳишҳои таҳқиқотӣ дар мавзеъҳои таърихӣ, машғулияти бозомӯзӣ барои олимону коршиносон ва муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Дар вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд, ки байни олимону коршиносони муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркия симпозиуми сатҳи байналмилалӣ гузаронида шавад.