Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Асолат ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони истиқлолият» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд аз ин донишкада.
Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода иброз намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурии мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башарият мебошанд.
Дар даврони истиқлолият Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, соли 2018 дар ҷумҳурӣ «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. Ин дар роҳи эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Иброз гардид, ки тоҷикон аз азал бо шоҳкориҳо байни дигар қавму миллатҳо намунаи ибрат буданд ва маҳз бо ба мерос гузоштани ин шоҳкориҳо расму оини худро аз насл ба насл гузарониданд.
Кори конференсия дар ду бахш идома ёфта, омӯзгорони донишкада роҷеъ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, рушди санъати тасвирӣ, шаклгирии санъати ороиши амалӣ ва дигар ҷанбаҳо сухан намуданд.