Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Садоқат ба Президент — садоқат ба ватан» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Ҳамоиш, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумон, ходимони давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи чор ноҳияи пойтахт, ширкат намуданд.
Нахуст Зариф Ализода — ëрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадаш зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он сарваронест, ки шахсияти сиёсиаш аз соли аввали ба роҳбарии давлат расидан моҳ ба моҳ ва сол ба сол рушд намудаву тақвият ёфта, имрӯз дар сафи бузургтарин сиёсатмадорони олам қарор дорад.
Сипас, дар ҳамоиши тантанавӣ Ҷамшед Табарзода — муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар баромадаш ҳозиринро аз номи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик гуфта, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таьрихи халқи тоҷик , санаи фархунда ва эҳëгари давлатории навини Тоҷикистон арзëбӣ намуд.
Дар анҷом барномаи кансертии аҳли ҳунари пойтахт ба ҳамоиши тантанавии Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуҳу таровати дигар бахшид.